БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пайравӣ аз ҲХДТ- роҳест барои расидан ба ояндаи дурахшон!

ҶАЙҲУН. Тибқи нақшаи корӣ ва ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун бахшида ба  Соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин ҷиҳати расонидани моҳияти самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба сокинон ва қабули аъзо ба сафи ҲХДТ аз ҳисоби фаъолони маҳалла бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидзода ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳия Сафархон Мирзораҳимзода чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ доир гардид.

Чорабинии мазкурро кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода, Фарҳод Обидзода ва вакил Сафархон Мирзораҳимзода бо аз назаргузаронии намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, ба ҳунармандони маҳаллаи мазкур, ки ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ машғуланд,  як ҷаҳон таҳсину офарин хонданд. Чунки дар чорабинии тамоми ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллии хоси мардуми тамаддунофари тоҷик ба намоиш гузошта шуда буд, ки фарҳанги миллати тоҷикро муаррифӣ менамуд.

Дар рафти чорабинии ҳизбӣ масъулин вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муфассал суханронӣ намуда, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки баҳри боз ҳам бештар истеҳсол намудани ҳунарҳо мардумӣ ва ҷалби ҷавонон ба истеҳсоли он  кӯшиш ба харҷ диҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg