БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фаъолони ҳизб барои фаъолияти пурсамар қадрдонӣ карда мешаванд

Н.ХУСРАВ. Мутобиқи ҷадвали  тасдиқгардида  дар   ташкилоти  ибтидоии  ҳизбии  “Бахши  фарҳанг”-и ноҳия  хониши  сиёсӣ  дар  мавзӯъи “Фаъол гардонидани  аҳолӣ  дар  самти  пешгирӣ  аз  бегонапарастию  майл  ба  фарҳангӣ  бегона ва ҳифзи  ҳуввияти  миллӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Хониши  сиёсиро  мудири  шуъбаи  таблиғот,  иттилоот  ва  матбуоти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар  ноҳияи Носири  Хусрав  Муродов  Раҳмон ифтитоҳ намуда, мақсади  вохӯриро  ба ҳозирин фаҳмонида қайд  намуд, ки Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ - Пешвои миллат, Раиси  муаззами  ҲХДТ  муҳтарам  Эмомалӣ   Раҳмон таъкид менамоянд, ҳамаи  мо  вазифадорем, ки  пеш аз  ҳама  худамон намунаи  нангу номуси  ватандорӣ бошем, мардуми  кишварро  ба  ободу пешрафта гардонидани сарзамини  аҷдодӣ  ҳидоят кунем, пеши  роҳи  бегонапарастӣ ва хиёнатро ба  манфиатҳои  миллат ва давлати Тоҷикистон  гирем, воло  будани  манфиатҳои  мллӣ ва  давлатиро пайваста  эҳсос  карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва  ватандӯсту ватанпарвар  бошем”.

Вале  сад  афсӯс, ки баъзе  аз  ҷавонони  гумроҳ   фирефтаи  ваъдаҳои  даҳшатовари намояндагони  ифротгарои  динӣ  шуда, моил ба  пули  ҳаром  гашта, ба  ташкилотҳои  террористӣ  шомил  мешаванд ва ба  идеологияи  миллии  мо  ба  Ватан   ба  мардум  ба  ҳар  як нафар  хатар  таҳдид  менамоянд.

Дар охир барои  фаъолияти  пурсамар  дар  таблиғи  ғояҳои  ҳизб, сафарбар  намудани  аъзои  ҲХДТ  ба  корҳои  созандагиву  бунёдкорӣ   раиси  ташкилоти  ибтидоии  “Бахши  фарҳанг” бо  Ифтихорономаи ҳизбӣ  сарфароз  гардонида  шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg