БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар партави Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бунгоҳи тиббӣ сохта мешавад

ХОВАЛИНГ. Дар суҳбат бо сокинони деҳаи Наврӯҳои ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутӣ, ки аз рӯи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва суҳбат дар ташкилоту муассиса ва маҳаллаҳои аҳолинишин гузаронида шуд, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия С. Сатторов ба ҳозирин дар баробари шарҳу тавзеҳи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар бораи амалҳои террористӣ маълумоти муфассал дод.  Қайд намуд, ки роҳбарону фаъолони фирории ТТЭ ҲНИ, ки айни ҳол аз ҷавобгарӣ дар назди қонун гурехта, дар хориҷи кишвар паноҳ мебаранд, бо ҳар роҳ мекӯшанд, ки худро аз ҳама гуноҳҳо орӣ нишон диҳанд, доғи ташкилоти террористиро аз номи ҳизбашон бардоранд. Онҳо бо ин кӯшишҳо мехоҳанд ҲНИ–ро ҳамчун ҳизби сиёсӣ ва худро ҷабрдида муаррифӣ намоянд, то аз он дастгирии моддӣ ва молиявии маблағгузорон бенасиб намонанд.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии № 24 Ҳ.Ҳикматуллоев мавзӯъро пайгирӣ намуда, дар охир фаъолияти ҲНИ ва амалҳои террористии содирнамудаи онро маҳкум намуд.

Дар  партави Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  ҷамъомадагон бо қувваи худ сохтмони бинои Маркази саломатиро дар деҳа ба уҳда гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg