БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешвои миллат: Ман ба қудрати созандаи халқи азизам итминони комил дорам

ФАРХОР. Вохӯрии  кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо сокинони деҳаи Куҳандиёр 1-и ҷамоати деҳоти Ватан  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли тақвияти робита бо маҳал гузаронида шуд.

Нахуст, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шаҳбози Искандар ба сухан баромада, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла, омодагии ҳаматарафа ба зимистонгузаронӣ, истифодаи лампаҳои каммасраф, мавриди истифода қарор надодани асбобҳои худсохти барқӣ, сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ изҳори ақида намуд.

 Ҳамчунин, мавсуф дар баромади худ оид ба натиҷаҳои қарорҳои қабулшуда дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви ИДМ, ки охири моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, андешаронӣ намуд.

Сипас, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҳмонов Далер оид ба ваколат ва уҳдадориҳои вакилони маҷлисҳои маҳалӣ сухан ронда, онҳоро ба фаъолнокӣ ва саҳмгузорӣ дар чорабиниҳои дар сатҳи маҳал баргузоршаванда даъват намуд.

Дар охир масъулин аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, ки аҳли заҳмати деҳа бо ҳунару истеъдоди баланд ба намоиш гузошта буданд, дидан карда, ҳунармандони беҳтарин барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ даъват  карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg