БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ дар деҳот рӯ ба афзоиш дорад

ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси ҷадвали вохӯрию мулоқотҳо  дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия  дар деҳаи Гулободи  ҷамоати деҳоти ба номи Бобоюнуси ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  бо сокинони деҳот баргузор гардид.

Зимнан раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид оид ба самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, вобаста ба сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ва мулоқоташон бо роҳбарону фаъолони вилоят, инчунин оид ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои  ифротӣ,  таассуби динӣ, хурофоту бегонапарастӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ  аз бемориҳои сироятӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ андешаронӣ намуд.   

Дар вохӯрӣ  вакили ҷамоати деҳоти  Гулобод   Ҳалимов Асомуддин   иштирок дошта, вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, озмунҳои ҳизбӣ, Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва  ҳунарҳои мардумӣ  андешаронӣ кард.

Сипас, бо иштирок ва фарогирии ҳунармандону кишоварзони  маҳалла намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ташкил  карда  шуд.

Дар охир  дар деҳаи Гулобод бо пешниҳоди  раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид  ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  таъсис дода шуда, раиси он Маҳмадиев Ҷумъахон интихоб карда шуд.                                             

                                                                                                                               

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg