БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Иродаи қавии ташкилоти «Нурафшон» дар баргузории чорабинии фарҳангӣ

ЛЕВАКАНТ. Тибқи нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Нурафшон» чорабинии фарҳангию сиёсӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Сайҷаъфар Ватанзода, кормандони масъули Кумитаи иҷроия, мутахассиси пешбари кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Роғун Ниёзалиева Фазилат иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сухани ифтитоҳиро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Сайҷаъфар Ватанзода  оғоз намуда, миннатдории худро ба сокинони маҳаллаи  ба номи И.Аъзам расонид, ки дар ин боду ҳавои номусоид мардуми меҳнатқарини  шаҳри Левакант ҳунарҳои аҷдодии худро ба маърази тамошо гузоштанд.

Инчунин, оид ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси  муаззами ҲХДТ, пешгирии  шомилшавии ҷавонон  ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, даъвати аскарбачаҳо ба сафи Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳидоят намудани фарзандон ба роҳи рост, содиқ будан ба Ватану миллат андешаронӣ намуд.

Дар охири чорабинӣ ба фаъолон, ҷонибдорон ва аъзои ҳизб барои саҳми арзандаашон дар амалигардонии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ  бо Сипосномаҳои ҳизбӣ сарфароз гардонида шуда, фарҳангчиёни шаҳр бо сурудҳои дилнишинашон хотири ҳозиринро болида гардониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg