БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Либоси миллӣ яке аз василаҳои муаррифии миллат ба ҳисоб меравад

ПАНҶ. «Занону бонувони мо набояд фаромӯш кунанд, ки  мо ҳамчун миллати бостонӣ сару либоси миллӣ ва тарзу одоби либоспӯшии худро дорем»- таъкид медоранд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ин суханони Пешвои миллат бори дигар  моҳияту  аҳамияти бузурги эҳё ва густариши урфу одатҳои неки мардумӣ, нигоҳ доштани фарҳанги либоспӯшии занону бонувони тоҷикро равшан сохт. Ин масъала яке аз муҳимтарин ҷанбаҳои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ба ҳисоб рафта,  он дар вохӯрии навбатии масъулон дар маҳаллаи Лоҳутии ҷамоати деҳоти ба номи  Кабут Сайфутдинови ноҳия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Меҳмонон, ки ба ҳайати онҳо роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан», мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Исматулло Расулов,  муовини роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и ноҳияи Рӯдакӣ Салимов Шуҳрат, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзиев Каримҷон, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Шомаҳмдзода Музаффар шомил буданд, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Чорабинии фарҳангӣ-сиёсии  сокинони маҳал бо намоиши хунарҳои мардумӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ гардид. 

Нахуст, меҳмонон аз намоишгоҳ дидан намуда, ба маҳсули заҳмату истеъдоди хунармандони махал баҳои баланд доданд. Ҷолиби қайд аст, ки сокини маҳалла Шодиев Исроил бо тайёр намудани армуғонҳо дар миқёси вилоят ва ҷумҳурӣ шинохта шуда, бо армуғонҳои  тайёрнамудааш дар намоишҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок карда, сазовори мукофотҳо гаштааст, имрӯз низ дастовезҳои ҷолиби худро пешкаши ҳозирин гардонида буд.

Пас аз дидани намоишгоҳ Файзиев Каримҷон зимни суханронӣ қайд намуд, ки имрӯзҳо  ҳастанд бархе  аз ҷавонон ва  занон, ки гирифтори афкору  фарҳанг ва хурофоту бегонапарастӣ шуда, ба либоспӯшӣ ва роҳу рафтори  ба миллати тоҷик бегона тақлид менамоянд. Тоҷикон аз қадим либоси миллии худро маҳфуз дошта, ба эҳтирому эътибори халқҳои ҷаҳон сазовор гаштаанд. Бинобар ин лозим аст, ки аҳли ҷомеа баҳри ҳифз намудани асолати миллӣ дастҷамъмона саъю талош намоем.

Дар охир, ба фаъолон,  аҳли заҳмати маҳал барои ташкили чунин як чорабинии хотирмон Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ноҳияи Панҷ  тақдим карда  шуд.

 

 

                  

                                                                                 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg