НОРАК. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Донишомӯзон”-и шаҳри Норак бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занону ҷавонон Ғуриева Муслима ва мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия П.Исмоилова оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин оид ба нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирӣ аз он, пешгирӣ аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона, муқовимат бо коррупсия, пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуданд.
Инчунин, дар ин раванд озмунҳои ҳизбӣ бо номҳои “Беҳтарин доиркунандаи чорабинӣ дар сатҳи маҳал”, Маликаи Хатлон”, “Тарроҳи беҳтарин”, “Армуғони хатлонӣ”, “беҳтарин муаррификунандаи мавзеъҳои сайёҳӣ”, ки бештари иштирокдоронро ҷавонони болаёқат ташкил медод, мавриди баррасӣ қарор дода, хоҳишмандонро барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ даъват карданд.