БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ -ҳунарҳои ниёгонро ба насли имрӯзаи худ меомӯзонем

ҚУБОДИЁН. Дар деҳаи Ахчаи ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид.

Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи  таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоев Ваҳобиддин вобаста ба самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ, ичунин оид ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, озмунҳои ҳизбӣ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”  сухан намуда, иброз дошт, ки рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин ҷода беҳбудӣ бахшидан ба сатҳи некӯаҳволии мардум ба манфиати  сокинон равона карда шудааст. Ҳунармандони ҳушзавқу хушсалиқа  бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар хона ва ҷалби шаҳрвандони бекор ба касбомӯзӣ рӯзгорашонро  обод созанд.

Дар охир дар қисмати фарҳангии чорабинӣ масъулин аз  ҳунарҳои мадумии ҳунармандони деҳа, аз қабили қуроқдӯзӣ, кашидадӯзӣ,  сӯзанидӯзӣ, гилему намадбофӣ ба намоиш гузошта буданд, дидан карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg