БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Осоишгоҳи «Оби зам-зам»-и ноҳияи Дӯстӣ дар хизмати халқ аст

ДӮСТӢ. Кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ аз фаъолияти Осоишгоҳи «Зам-зам»-и ноҳияи Дӯстӣ боздид ба амал оварданд. Оид ба  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Барномаи рушди иқтисодӣ-иҷтимоии ноҳияи Ҷиликӯл барои солҳои 2012-2016» бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо иқдоми ватандӯстонаи узви фаъоли ҲХДТ,  соҳибкори ватанӣ Шералӣ Тоиров дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ воқеъ дар ҷамоати деҳоти Навзамини ноҳияи Дӯстӣ як маҷмааи солимгардонӣ, Осоишгоҳи «Оби зам-зам» сохта, мавриди истифода қарор дод. Осоишгоҳ бо шароитҳои муосири замонавӣ ҷавобгӯ буда, дорои утоқҳои табобатӣ, гиёҳдармонӣ, лойгдармонӣ, оби шифо, табобати меъдаву рӯда, дарди миёну буғумҳо, безуриётӣ ва дигар бемориҳоро табобат менамояд. Осоишгоҳ дорои ҳавзи оббозӣ, майдончаи истироҳатӣ ва табиати зебову нотакрор мебошад, ки дар соҳили дарёи Вахш ҷойгир гардидааст.

Сардухтури осоишгоҳ Шералӣ Тоиров зикр намуд, ки имрӯзҳо беморону истироҳаткунандагон аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ вориди осоишгоҳ мегарданду аз усули табобтҳои гуногуни ин маҷмаа розӣ буда, сиҳату бардам онҳоро гусел мекунем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg