БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фаъолияти дастаҷамъона - кафолати татбиқи ҳадафҳои созандаи мост

ДАНҒАРА. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳияи Данғара ҷиҳати гузаронидани суҳбату вохӯриҳо ва хонишҳои сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ  бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳия Каримов Пирмуҳаммад дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Лабараторияи байторӣ” хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимни хониши сиёсӣ оид ба мавзӯъҳои татбиқи сифатноки сиёсати давлатии соҳавӣ, моҳият ва тарғиби арзишҳои миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ, қонунҳо, ташаббусҳои байналмилалии роҳбарияти олии кишвар ва таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамчун ҳадафи стратегӣ  мубодилаи афкор карда шуд.

Иброз гардид, ки фаъолияти дастаҷамъонаи ҳар як аъзои ҷомеа кафили татбиқи сифатноки ҳадафҳои роҳбарияти олии кишвар дар самти баланд бардоштани шароити зиндагии сокинон мегардад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg