ВОСЕЪ.Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ташкилоти ибтидоии «Офтобак»-и Боғчаи №2 хониши сиёсӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Гулрухсор Мирзоева ва Ситамова Роҳила вохӯрӣ доир гардид.
Зимни вохӯрӣ Мирзоева Гулрухсор оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки масъалаҳои боз ҳам беҳтар намудани таълиму тарбияи ноболиғону наврасон, дар рӯҳияи ватандӯстиву эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани нақши намояндагони ин насли ояндасози кишвар дар пешрафту шукуфоии Ватани маҳбубамон ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Зеро, ноболиғону ҷавонон ҳамчун насли ояндасози кишвар, фардо дар пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқу ҷумҳуриамон саҳм мегузоранд.
Ҳамзамон, Ситамова Роҳила иброз намуд, ки имрӯз ояндаи дурахшони Тоҷикистон маҳз дар дасти наврасону ҷавонон мебошад. Бинобар ин ҳамаи мо кӯшиш бояд намоем, ки наврасону ҷавононро саводноку донишманд ба воя расонему онҳоро дар руҳияи худшиносиву эҳтиром ба дастовардҳои замони истиқлолият тарбия кунем.