БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи ҳар соҳибватан аст!

ВАХШ. Дар деҳаи Пахтакори  ҷамоати деҳоти 20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо фаъолони маҳала  баргузор гардид.

Зимнан намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ  оид ба иштироки баъзе ҷавонони деҳаи Пахтакор дар ҷангҳои Сурия, бетарафии сокинони маҳала оид ба ҳамкорӣ бо мақомотҳои қудратӣ суханронӣ намуда,  аз иштирокдорон даъват ба амал оварданд, ки худро бетараф нагирифта, дар пешгирии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон ва тарбияи онҳо дар руҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ саҳмгузор бошанд.

Дар рафти чорабинӣ мутахассиси шуъбаи таблиғот,  иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Негматов Азизулло ба сухан баромада,  оид ба пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои   ифротӣ, таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар тавассути Маркази миллии тестӣ, ҷалби духтарон ба донишомӯзию касбомӯзӣ, гирифтани таълимоти динӣ дар мадрасаю донишкадаи Исломии кишвар, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бемасъулиятии баъзе аз волидайн гуфта гузашта,  мардумро таъкид намуд, ки хушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода нагузоранд, ки нотавоне ба Истиклолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллии мо халал ворид намояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg