БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мо тоҷикон мардуми бодавлатем, ки Ҷумҳурии соҳибистиқлол, забон, урфу одат ва либоси ба худ хос дорем

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Абӯалӣ Ибни Сино” тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид. 

Дар ин вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Ҳакимова Волида ширкат варзида, дар назди ҳозирин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, аз ҷумла пешгирии пӯшидани либосҳои ба фарҳангу миллати мо бегона суханронӣ намуда, қайд кард, ки либос як ҷузъи фарҳанги миллӣ ба шумор рафта, ба мо аз аҷдодонамон ёдгор мондааст ва дар тӯли қарнҳо ӯ шаклашро дигар намуда бошад ҳам, шинамию зебандагиашро гум накардааст.

Либоси атласу адрас хоси ҷашни Наврӯз аст. Ин аст, ки бо фарорасии фасли баҳор ва дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар бозори  кишвар матоъҳои  атлас, адрас бисёртар ба фурӯш бароварда мешаванд. Сифати матоъи адрас ва атлас беҳтар буда, аз риштаҳои пахтагин бо усули қадимаи миллии мардуми Бухорову Самарқанд бофта шудааст ва рангашро ҳам дар офтобу борон хуб нигоҳ  медорад. Либоси миллӣ рамзи миллат аст. Бонувон бояд бо ифтихори баланд онро ба бар кунанд. Дар рангҳои атлас бошад, тинҷӣ ва осудагӣ  инъикос мегардад. Мо тоҷикон мардуми бодавлатем, ки Ҷумҳурии соҳибистиқлол, забон, гузаштагони тавоно, урфу одате ва либоси ба худ хос дорем. Бояд ин меросҳои арзишмандро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, ба ояндагон супорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg