БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Камолоти зеҳнии наврасону ҷавонон-кафолати фардои дурахшон аст

БАЛҶУВОН. Дар деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоеви ноҳияи Балҷувон бо омӯзгорон ва хоҷагидорони ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоеви ноҳияи Балҷувон вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал бо иштироки  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ хониши сиёсӣ доир гардид.

Зимнан масъулин дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  риояи Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд"  пешгирии шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, амалҳои коррупсионӣ, тарбияи дурусти фарзандон, баланд бардоштани савияи дониши мактаббачагон, рушди анъанаҳои неки ниёгон, самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб заминҳои киштшаванд, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини бозорҳои истеъмолӣ аз меваҷоту сабзавоти тару тоза, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, сафарбар кардани ҷавонони синни даъватӣ ба сафҳои Артиши миллӣ-ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ андешаронӣ намуда, ба иштирокчиён бори дигар таъкид карда шуд, ки барои анҷоми корҳои созандагиву бунёдкории маҳаллаву деҳаи худ ва ҳимояи марзу буми Ватани хеш дар партави Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” камари ҳиммат банданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg