БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба манфиати мардум ва пешрафти кишвар аст!

Ҷ.БАЛХӢ.Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хоҷагии ФД” ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдулҳаев Маҳмадсаид ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизби “Маданият” Б.Эсанқулов иштирок намуданд.

Зимнан Абдулҳаев Маҳмадсаид ба сухан баромада, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ҳарф зада, қайд намуд, ки ҲХДТ фаъолияташро дар асоси ҳадафҳои барномавии худ ба роҳ монда, дар назди аъзоёнаш вазифа гузоштааст, ки дар рушди иқтисодиёт, беҳбудии ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ҳиссаи сазовор гузоранд.

Имрӯзҳо сохторҳои ҳизбӣ, махсусан, кумитаҳо ва ташкилотҳои ибтидоиро зарур аст, ки ҳамарӯза аз мушкилоти аҳли ҷомеа огоҳ бошанд ва барои ҳалли онҳо ҳамкории самаранокро бо мақомоти давлатӣ роҳандозӣ намоянд. Такшилотҳои ҳизбӣ бо нерӯи зеҳнии худ дар сафи пеши ҷомеа қарор дошта, ба мафкураи мардум таъсир мерасонад ва онҳоро ба корҳои созанда ҷалб менамоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg