ХОВАЛИНГ. Дар хониши сиёсие, ки дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии идораи рӯзномаи ноҳиявии «Ҳақиқати Ховалинг» гузаронида шуд, мутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ш.Набиев оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба ҳозирин маълумот дод. Ш. Набиев дар бораи ҳамкории рӯзнома бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар масъалаи ба аъзо, ҷонибдорони ҳизб расонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ сухан ронда, дар ҳар шумораи рӯзнома аз номи раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, ки аз ҳисоби ҲХДТ пешбарӣ гардидаанд, оид ба дастуру супоришҳои аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бароянда ва дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ чопи хабару мақолаҳоро зарур ва ба манфиати мардум донист.
Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, муҳаррири рӯзнома М. Назарова ин пешниҳодро пазируфта, дар баромадаш қайд намуд, ки рӯзнома бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҳамкории зич дорад. Мо аз ибтидои сол дар саҳифаҳои рӯзнома бештар аз 15 хабару мақолаҳои вакилон, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва аъзои ҲХДТ- ро чоп намудем ва ин корро минбаъд низ ба иҷро мерасонем. Мавсуф дар идомаи суҳбат афзуд, ки самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мавзӯъи рӯзанд ва ба оммаи васеъи хонандагон расонидани онҳоро вазифаи асосии рӯзнома ҳисобид.