ҲАМАДОНӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии» ноҳияи Ҳамадонӣ вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода баргузор гардид.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об ва оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028, ки аз 22 марти соли равон оғоз гардидааст, андешаронӣ намуд.
Аз мутахассисони соҳаи об даъват ба амал оварда шуд, ки истифодаи дурусти оби нӯшокӣ, тоза нигоҳ доштани онро дар мадди аввал гузоранд, зеро ки об тозагӣ ва покиро мепазирад.