БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ шавқу завқи ҳунармандони деҳотро дучанд намуд

ФАРХОР. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Баҳористон»-и деҳаи Баҳористони ҷамоати деҳоти Ватан бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ доир гардид.

Мақсад аз баргузории чорабинӣ тарғибу ташвиқ ва рушди ҳунарҳои миллӣ дар маҳал, бедор намудани завқи ҳунармандӣ дар замири сокинон ва муаррифии ҳунармандони маҳал мебошад.

Дар ин чораинӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Шаҳбози Искандар, Раҳмонов Далер ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Баҳористон» Акрамов Нозим саравал аз коргоҳи табақтарошии Исупов Файзулло, ки дар хонааш, ки ба табақтарошӣ машғул аст, шинос шуда, сипас аз намоиши ҳунарҳои мардумии сокинон дидан намуданд.

Ҳунармандони деҳаи Баҳористон Акрамова Момаҷон, Набиева Тозагул, Раҳимова Гавҳарбӣ, Ҳасанова Тозагул ҳунари дастсохти худро, аз қабили гулдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, қуроқдӯзӣ, риштабофӣ, рӯймолдӯзӣ, куртаю чодар ва тоқии чаканро ба намоиш гузоштанд.

Сипас, дар рафти чорабинӣ омӯзгори муассисаи таълимии №19 Алиҷон Раҳмонов дар якҷоягӣ бо хонандагони ин муассисаи таълимӣ бахшида ба муносибатҳои дӯстонаи ду кишвари ҳамҷавор Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, шеъру сурудхонӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg