БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонон дар пешравии ҷомеа саҳми назаррас доранд

КӮЛОБ. Тибқи нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар такшкилоти ибтидоии ҳизбии “Ваҳдат” бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб хониши сиёсӣ роҳандозӣ гардид, ки дар он кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд.

Зимни суханронӣ корманди ҳизб вобаста ба мавзӯъи гаравидани ҷавонон ба ташкилотҳои таррористию экстремистӣ суханронӣ карда, изҳор доштанд, ки ҷомеаи ҷаҳониро имрӯз  мушкилотҳои ҷиддӣ ба ташвиш овардааст, ки ин ҳам бошад шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундраву ифротгаро мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо саҳми ҷавононро дар  пешравии ҷомеа қайд намудааст ва ҷавононро нерӯи созанда ва ояндаи давлату Ҳукумат унвон кардааст. Дар ҳақиқат ҷавонони даврони соҳибистиқлол, ҷавонони бонангу номус, бориз, далер ва шуҷоъи Ватан маҳсуб ёфта, бо корҳои созандагию бунёдкорӣ ном бароварда, доимо дар сафи пеш қарор доранд. Ин иқдоми созанда бояд шиори хамешагии мо ҷавонон бошад.

Сипас, дар идома оид ба дигар паҳлуҳои фаъолияти ҳизбӣ суханронӣ карда шуд. Таъкид шуд, ки аъзо ва ҷонибдорони ҳизб масъуланд то бо нерӯи зеҳнии худ дар сафи пеши ҷомеа қарор гирифта, ба мафкураи мардум таъсир расонида, ҷомеаро ба корҳои созанда ҷалб намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg