БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хушхабар: Иттифоқи касабаи кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ғолиби озмун гардид

ХАТЛОН. Тибқи  Қарори  Шӯрои Генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бо назардошти  эълон доштани Соли 2018 – Соли ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба ва баланд бардоштани  нақши ташкилотҳои ибтидоии  иттифоқи касаба Озмуни «Беҳтарин ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба» эълон гардида буд. 

Ҳайати комиссияи вилоятӣ  аз ташкилоти  ибтидоии иттифоқи касабаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти  Хатлон  дидан ба амал оварда, дар вақти омӯзиш ҳайати комиссия аз шароити меҳнат, ҳуҷҷатгузорӣ ва фаъолияти  аъзои иттифоқи касабаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон  аз наздик шинос шуданд.  Ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи кормандони Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб дар худ 15 нафар аъзоро муттаҳид намуда,  ҳайати комиссия  пас аз шиносоӣ аз фаъолияти  ташкилоти ибтидоӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ба раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ барои фароҳам овардани шароити хуби корӣ, дастгирии моддиву молиявии кормандон миннатдорӣ баён намуданд.

Натиҷаи  омӯзиш  нишон дод, ки  ташкилоти ибтидоии иттифоқи  касабаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон  дар миёни ташкилотҳои ибтидоии шаҳру ноҳияҳои вилоят  беҳтарин ташкилоти ибтидоӣ  дониста шуда,  сазовори ҷойи дуюм гардид.

Дирӯз  ҷамъбасти  Озмуни «Беҳтарин  ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба дар соли 2018 баргузор гардид, ки дар он  раиси ташкилоти ибтидоии Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон Иброҳимзода Неъматулло  иштирок  дошта, барои саҳми арзанда ва фаъолгардонии кори ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба дар самти ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои иҷтимоӣ ва меҳнатии кормандон, мустаҳкам намудани асосҳои  ташкилӣ ва молиявӣ,  баланд бардоштани  обрӯ, нуфуз ва нақши  ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба дар раванди бунёди  ҷомеаи шаҳрвандӣ сазовори ҷойи дуюм ва бо Ифтихорномаву мукофотҳои молиявӣ сарфароз гардонида шуд.

Бояд қайд намуд, ки ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон  фаъолияти хуб дошта,  барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба»  соҳиби  роҳхат гардид. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg