ВОКУНИШ. Дар воқеъ, имрӯзҳо миллати тоҷик баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ тавонистааст ба дастовардҳои назаррас ва намоён ноил гардад.
Самараи Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама дар кишвари мо ин оромӣ, сулҳу субот ва зиндагии шоистаи мардум мебошад. Бо кӯшишу талошҳои фарзандони фарзонаи ин миллат, хусусан талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти маҳбуби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвари мо сулҳ пойдор гардид. Аммо имрӯзҳо ҳастанд нафароне, ки аз сарҷамъ гардидани миллати тоҷик, сулҳу субот ва оромии ин кишвар ва ба пешравиҳои иқтисодиву иҷтимоии он кинаву бадбинӣ дошта, миёни аҳолии сулҳпарвар ва меҳнатдӯсти тоҷик бо ҳар роҳу восита тафриқаандозӣ менамоянд.
Яке аз чунин кӯрнамакон гурӯҳи наҳзатиёни хоин мебошанд, ки куфри неъмати озодиву истиқлол намуда, ғуломи бегонаҳо гаштаанд. Бештар ин тафриқаандозиҳоро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ он хоиноне анҷом медиҳанд, ки дар давлатҳои хориҷ, хусусан Аврупо сукунат дошта, зархариди хоҷагони бадхоҳи миллатамон гаштаанд. Наҳзатиён нангу номусашонро фурӯхта имрӯзҳо дар пайи гумроҳ кардани дигар ҷавонони бетаҷриба мебошанд. Аммо имрӯз миллати тоҷик бо роҳбарии Пешвои миллат ва фарзандони боору номусаш тавонистааст, ки дар таърихи наонқадар дарози соҳибистиқлолӣ як зиндагии шоистаро барои худ аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ барпо намояд.
Таърих ба ҳама суолҳо ҷавоб дорад. Бо гузашти ду даҳсола аз итмоми ҷанги шаҳрвандӣ воқеияти он рӯзҳо ба ҳамагон аён аст, ки аз сӯи собиқ маъсулони ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзат боз ба сари мардуми тоҷик нооромиҳоро мехоҳанд ташкил кунанд. Пайваста тавассути маводи иғвоангезона бар сари миллати тоҷик ва намояндагони давлату Ҳукумат борони туҳматҳо мерезанд, баҳсу мунозираҳо карда, баромадҳои бемаврид ва бемазмунро баён менамоянд.
Махсусан ҳамин паймонсозиҳои мазҳакавиашон нишон дод, ки дигар дар хориҷи кишвар ҳам обрӯву эътиборашонро аз даст додаанд. Ин наҳзатиён, хусусан ифротгароён дар тасаввуроти ҷавонони мо тамаддуни исломиро нодуруст шарҳ дода, дар маҷмӯъ дар назди кулли мусулмонон беэътибор гардидаанд.
Ба афроде, ки миёни мардум тафриқаандозӣ менамоянд, бояд расонем, ки “Бори каҷ ҳеҷ гоҳ ба манзил намерасад... ” ва барои ҳамватанони азиз чӣ гунае, ки Роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша қайд менамоянд, аз даст надодани зиракии сиёсиро лозим мешуморем.
Онҳо ба ҳар роҳе набошад мекӯшанд, ки садди роҳи зиндагии хушбахтонаи мардум гарданд. Вале ҳама кӯшишҳои онҳо барбод рафт ва тирашон хок хӯрд.
Наҳзатиёни лаънаткардаи халқ чун ҳар ташкилоти дигари террористӣ-экстремистӣ ҳадафи дар Тоҷикистон ноором сохтанро доранд, ки мардуми бофарҳангу қавииродаи мо инро бисёр хуб медонанду бар зидди ин хоинони миллат ҳамеша мубориза мебаранду хоҳанд бурд. Аҷиб ин аст, ки ҳамин наҳзатиён мехоҳанд ҳамеша ваҳму тарсро ба сари миллати мо гузоранд.
Аммо сулҳу ваҳдат орзуву омоли кулли мардуми кишвар аст, мо ҷавонмардон намегузорем, ки чунин нохалафон боз дубора ба сари халқи мо мақсадҳои ғаразноки худро амалӣ созанд.
Мо ояндаи неки давлату миллатро дар суботу оромӣ мебинем ваТоҷикистони биҳиштосои худро ҳамчун гавҳараки чашм аз нохалафони беватан ҳифз менамоем.
Узви гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар Соҳибов Зубайдулло