ВОКУНИШ. Нисбати воқеоти 11-ми сентябр соли 2018 дар Варшаваи Лаҳистон руҳдода, чунин иброз медорам:
Воҳимаандозӣ хоси ашхоси характери сустдошта ва нияти баддошта аст. Воҳимае, ки сарвари ТТЭ ҲНИ Муҳиддини Кабирӣ ва ҳаммасаконаш пеш меоранд, аз сабаби оҷизашон пешорӯйи тараққиёти рӯзафзуни кишвари тозаистиқлолу пешрафтаи Тоҷикистони азизи мо ва барбод рафтани нияти нопоки аз ҷониби хоҷагони хориҷӣ таҳрезишудаашон гувоҳи медиҳад.
Магар чашмонашон кур буд? Надидаанд, ки ба як бурда нон зор будем, чор тараф роҳҳо банд буд, иқтисодӣ қасоду хонаи бечароғ доштем ва ба бурдаи нон зор будем аз ҳама муҳим маорифи касод доштем.
Имрӯз чӣ! Муқоиса кунед, эй курдилу бедидаҳо! Мардуми меҳнатқарин ва сулҳхоҳи кишварамон якдилу якҷон гашта, барои бозҳам тараққи додани тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи имрӯза камар бастаанд. Пешрафти саноат, кишоварзӣ, соҳаҳои энергетика, комуникатсия, некӯаҳволии халқ, илм, маориф, фарҳан ва тандурустӣ самараи тинҷиву оромии кишвар аст. Шумо ин пешрафтро нодида гирифта воҳима меандозед? Амну амонӣ ҳукумрон аст дар кишвари ман. Кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Бохтар чун Душанбе, Хуҷанд ва даҳо шаҳрҳои Ҷумҳурӣ зебову тамошобоб ва макони сайру сайҳат гаштааст.
Чӣ ҳилаю роҳҳои нав меҷӯянд, бадкорон, сарвари ҳизби намнӯъгаштаи наҳзати исломи Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш дар хориҷ мамлакат чи магар иттиҳоде бо ном дар дохили нохунак «Паймони миллӣ Тоҷикистон» барпо намуда, даъво дорад, ки гӯё дар Тоҷикистон сохтори демократӣ аммалӣ намегардад, беқонунӣ ва беадолатӣ ҳукумрон бошад, ин нодидагири ва курдилист.
Муҳиддин Кабирӣ худро пуштибони дилсӯзи миллати тоҷик нишон дода ободиву созандагӣ, пешрафту шукуфоӣ ва дар арсаи байнанмилалӣ нуфуз пайдо кардани Тоҷикистонро дида наметавонад. Иғвою дасисаҳои фитнаангезонаи Кабирӣ, ки тинҷиву амони Тоҷикситонро халалдор карда магар боз онро ба гирдоби балло кашиданӣ ҳастанд, ҳадду ҳудуд надорад ва таасуф, ки баъзе ҷавонони ноогоҳ ба тӯри аҳримании онон меафтанд.
Ман чун шаҳрванди Тоҷикистон, модар, бибӣ ва омӯзгори насли наврас бо дарки бузурги масъулият барои дар рӯҳияи фарзандон, наберагон ва шогирдон парваридани сифатҳои баланди ахлоқӣ, дунёи пурғановати маънавӣ, фикру ҷисми солим эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва худогоҳи миллӣ ва чун риоягари қонунҳо, ҳуқуқҳо, озодиҳо, заҳматписанду зебопараст, сарфаю сариштакор, батаҳамулу тоқатпазир, масъулиятшиносу фаъол ва созандаву эъҷодкор ба воя расидани онҳо аз тамоми воситаву имконият истифода бурда, парда бардоштан аз рӯйи ашхоси дилу нияташон нопок ҷаддал хоҳам кард
Солеҳамоҳ Қосимзода- узви гуруҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар