БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хиёнат ба миллату мазҳаб– амали нобахшиданист!

ВОКУНИШ. Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба қатори кишварҳои рӯ ба тараққӣ дохил шудааст. Давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон Тоҷикистонро чун кишвари ободу соҳибистиқлол ва пешрафта, макони сулҳу субот шинохтаву эътироф намуданд. Ин ҳол душманони Ватану миллатро, ки ин ҳама пешравӣ, ободкориҳо ва созандагиро  нодида мегиранд, ба хашму ғазаб овардааст.

Соли 2015 фаъолияти ҲНИ  дар Тоҷикистон баста шуд ва раиси ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ аз Ватан фирор намуда, фаъолияти худро  берун аз кишвар амалӣ намуда истодааст. Савол ба миён меояд, ки  ин худобехабар то ба кай дар ҳаққи Ватану миллат ва давлати худ хиёнат мекарда бошад?

ҲНИ ки аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба гурӯҳҳои экстремистӣ,террористӣ дохил карда шудааст, чун ДИИШ, гурӯҳи 24 ва амсоли онҳо мақсаду мароми нопок доранд. Аз панҷаи хунолуди ин ифродгароёни беватану бедину бемазҳаб кишварҳои вайрон, миллатҳо сарсону саргардон, мардуми қашоқу бенаво,  кӯдакону бесарабонмонда ва модарони қурбони беадолатиҳои ононгашта мондаасту  халос…

Барои ҳамин мақомотҳои салоҳиятдори давлатӣ фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои ифротию экстремистӣ, ки амалашон ба  зуран сарнагун  кардани ҳокимияти давлатӣ равона гардидааст, ба амнияти давлат ва дар маҷмӯъ ба соҳибихтиёрии кишвари мо таҳдид мекунанд, мамнӯъ эълон  намуда, қонугузории кишвар ҷавобгарии шахсоне, ки ба ин гурӯҳҳо шомил мешаванд  вазнин намудааст.

Бо нақшаҳои аҳримании ин душманони ҷони бани одамӣ олами инсонӣ ба даҳшат, ҷанг, куштор, сӯхтор, гуруснагӣ фаро гирифтааст. Оё касе дидаю шунидааст, ки ин гурӯҳҳои палид кишвареро обод, бекасеро сарпарастӣ, бенавоеро дастгирӣ, бесаробонеро пуштибони намудаю ёри расонида бошанд? 

Ин гурӯҳҳои нохалаф аз рафтори одамият бехабар  дар атрофи худ ҷавонони гумроҳ, сустирода ва бедину бефарҳангро ба хоинони миллат ва  зархаридон табдил дода, мехоҳанд нисбати мардуми  саодатманду хушиқболи Тоҷикистон, ки бо Сарварии марди хирадпеша ва мардумпарвараш орому осуда зиндагонӣ мекунанд, бадгӯиҳову  табоҳкориҳо намуда, бо иғвову  дассиса ин оромиро нобуд  созанд.  Ҳамаи ин иғвову дассисаҳо дар дохили кишвар акнун ба иҷрои амалҳои террористӣ табдил ёфта, зарар ба  шаъну шарафи миллат  ва муҳим аз он ба Тоҷикистони ҷавону нав ба зиннаи рушд қадамгузошта  мезананд. Он амалҳои ғайриқонунӣ ва ғайриинсонӣ на танҳо дар чаҳорчӯбаи ахлоқ ва қонун, балки умуман ба меъёрҳои мусулмонӣ наздик нест.

Ҳодисаҳои нангини террористии санаи 29-июли соли ҷорӣ, ки дар ноҳияи Данғара  бо дасти шайтонҳои одамсурат иҷро карда шуданд, ки дар натиҷаи он 4 нафар  сайёҳӣ хориҷӣ ба қатл расонида шуда, 3 нафари дигар ҷарроҳатҳои вазнин бардоштанд, шоёни лаънатанд. Чӣ тавре медонем меҳмон атои Худо аст, хоҳ ӯ мусулмон бошад ё пайрави дини дигар. Ин ҷинояти содиршуда, бо куштори нафарони бегуноҳ анҷомёфта аз рӯи шариати ислом ба гуноҳи вазнин дохил мешавад ва инро танҳо нафарони аз имону инсоният дур карда метавонанд.

Фармоишгарони ин ҷиноят сагони хориҷӣ, аъзоёни ТЭТ ҲНИ,  ки бо ДИИШ ҳамдаст шуда, бо ном худро мусулмон мегиранд, аз дину оини мусулмонгарӣ сухан мегӯянд худ аз одоби мусулмонӣ хеле ва хеле дур буда, барои иҷрои ин нақшаҳои нопоки худ ҷавонони гумроҳи дар чорроҳа мондаро ба доми худ кашида, бо таълиму тарбияи  терорристию экстремистӣ барои иҷрои ҳадафҳои нопоки худ  равона месозанд,  мебошанд.

Ҳизбиёни ноҳия мисли тамоми мардуми Точикистон ин амалҳои нангинро сахт маҳкум менамоянд. Мо ба онҳо лаънат хонда, ҳама гуна  амалҳояшонро куллан маҳкум намуда, зери роҳнамоии фарзанди фарзонаи миллат, Савари мардумпарвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи қуллаҳои мурод  барои  сулҳу суботи ягона Ватани азизамон Тоҷикистон диловарона қадам мемонем.

 

 

 Мирзоев Талби-аъзои гуруҳи вакилии ҲХДТ дар маҷлиси вакилони     халқи  ноҳияи Панҷ.   

 

                                                                          

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg