БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хиёнаткорон ҳамеша шармандаи давру замонанд!

ВОКУНИШ. Нисбати  муноқишаи рӯзи дуюми нишасти Созмони Амнияти ва ҳамкории Аврупо дар Варшава миёни ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифини тоҷик  гуфтани ҳастем, ки шахси хиёнаткор ба ватан ба ҳарҷо, ки қадами худро  гузорад,  алббата бо як дасисаю найранг коре мекунанд, ки як муноқиша  ва ё ҷангу даъвоеро сомон медиҳад.

Бинобар ин, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо  як рукни умеди ҷомеи ҷаҳонро баҳри хуқуқу озодиҳо ва ҳуқуқи башарро риоя мекунад ва он бояд нагузорад, ки чунин  нохалафону нобакорон ба ҳадафи нопоки худ бирасанду як миллатро парокандаву ба арсаи нести баранд.

Мо аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Балҷувон ба он назарем, ки мо пеш аз ҳама фирефтаи гуфтору амалҳои ин гурӯҳҳои мухолифин намегардем, балки ба ҳамаи гуфтору рафтори онҳо бо назари воқъбинона баҳои даркорӣ медиҳем.

Дар навбати худ мо аъзои ташкилоти мазкур аз ҳамаи ҷавонон даъват ба амал меоварем, ки ҳамеша зираку ҳушёр бошем, ба оянда бо назари нек нигарему саодатмандии рӯзгору амнияти  кишвари азизамонро ҳифз намуда, дар бунёдкориву созандагии Ватани худ саҳми муносиб гузорем.

Қайд кардан зарур аст, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳон, алалхусус Тоҷикистон ҷавононро як нерӯи созанда, ободкор ва пешбарандаи ҷомъа меҳисобанд. Аз ин рӯ умеди миллату давлат, ки ба мо, ҷавонон аст, пайваста кӯшиш менамойем, ки мубориза бурдан бар зидди терроризму экстремизмро  шиори ҳаррӯзаи ҳар як ҷавон гардонем.

Инро шароити мураккаб ва печидаи вазъи сиёсии ҷаҳон аз ҳар яки мо ҷавонон бо таври қотеъ талаб менамояд. Пас дар ин рисолати худ, ҳифзи марзу буми аҷдоди аз доираҳои  манфиатҷуй хиёнат намекунему ҳамеша бо онҳо дар муборизаем!

 

Муродова Марҷона-роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Балҷувон.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg