БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Талвосаи ҷонкании дарандаи захмдор (доир ба аъмоли пасипардагии Кабирии шайтон, ки одамсурат аст!)

ВОКУНИШ. Терорризм ва ифротгароӣ падидаҳои номатлубе мебошанд, ки имрӯз тамоми ҷаҳониёнро ба ташвиш овардааст. Дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки соли 2017 соли нооромтарин ба ҳисоб меравад. Дар ин сол дар бештар аз 100 давлати дунё террористон куштор ва дигар амалҳои хуношомро анҷом доданд, ки дар натиҷа садҳо одамони бегуноҳ кушта  ва ҳазорҳо нафар захмдор ва миллионҳо нафар бехонумон ва гуреза   гардиданд.

Дар суҳбате, ки  дар ҳамкорӣ бо кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳия дар ҳавзаи интихотии № 1,  маҳаллаи  Паранак гузаронидам,  дар бораи хатари терроризм ва роҳҳои мубориза ба он сухан рондам.  Ба сокинони маҳалла фаҳмонидам, ки ягон давлат, аз ҷумла  Тоҷикистон ҳам  аз чунин хавфу хатар дар канор нест. Мо алакай аз тарафи террористон  шоҳиди ба амал овардани табаддулоти давлатӣ ва ахиран ба таври ваҳшиёна ба қатл расонидани сайёҳони хориҷӣ гардидем.

Ин амалҳои террористӣ аз тарафи дигар миллатҳо не, аз дасти фарзандони мо ба анчом расонида шуданд, ки боиси нигаронист. Ҳамаи ин амалҳои душманона бо супориши  ватанфурӯш, бадномкунандаи давлату миллат, гунаҳкори нобасомониҳои солҳои навадуми асри гузашта Муҳиддин Кабирӣ ба иҷро расонида шудааст.

Имрӯз Кабирӣ ва думравонаш чун дарандаи захмдор талвоса менамояд. Кӯшиш мекунанд, ки ба кадом роҳе набошад, давлату Ҳукумати Тоҷикистонро бо каломи дурӯғин дар чашми ҷаҳониён сиёҳ ва бадном намоянд. Ин нуктаро Конфронси солонаи САҲА дар шаҳри Варшаваи давлати Полша 9 сентябри соли ҷорӣ ба хубӣ собит сохт.

Дар суҳбат ба сокинони маҳалла, ки дар навбати худ интихобкунандагони ман ҳам мебошанд, таъкид намудам, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд, ба муқобили ҳамагуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ муборизаи беамон баранд. Ба тарбияи фарзандон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд, то ки онҳо ба ташкилот ва равияҳои руҳияи террористидошта шомил нагарданд.

     Фирдавс Мирзоалиев- узви гуруҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg