БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Занони маҳал дар амалишавии ҳадафҳои созандаи ҳизб саҳмгузоранд

Ҷ.БАЛХӢ. Ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон вобаста ба баргузории чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар маҳаллаи Фурманови ҷамоати деҳоти Узуни ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҷалби занони маҳал чорабинии сиёсӣ- фарҳангӣ роҳандозӣ гардид.

Нахуст, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз намоиши дастранҷ ва истеъдоди ҳунармандони маҳал дидан намуда, ба ҳунару заҳмати онҳо баҳои баланд доданд.

Муовини раис-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Содиқова Меҳрубон дар баромадаш доир ба моҳияти эълон шудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки бо эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, агар аз як тараф ба раванди батадриҷ беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар, махсусан сатҳи зиндагии ҳунармандони мардумӣ, таъсири бузург расонад, аз ҷониби дигар дар баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандорӣ, инчунин эҳсоси эҳтиром ба ҳунарҳои мардумӣ нақши басо муҳим мегузорад.

Ҳамзамон дар ин вохӯрӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ сухан рафта қайд гардид, ки хатарҳои ҷаҳони имрӯза ба монанди терроризму экстремизм ва коррупсия, ки яке аз омилҳои хатарноктарини ҷомеа ба ҳисоб рафта, ба амнияти миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ таҳдид менамояд, даъват ба амал овард, ки мубориза алайҳи ин омилҳо муборизаи дастаҷаъмона мебошад. Дар ин росто зимни баромадҳо аз ҷавонони маҳал даъват ба амал оварда шуд, ки ба ин омилҳои номатлуби замони муосир муқовимати сахт нишон дода, худро аз ин хатарҳо ҳифз намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg