ҚУБОДИЁН. Дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо мақсади эҳё намудани ҳунарҳои қадима намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сӯзанидӯзӣ, кашидадӯзӣ, қуроқдӯзӣ, намоиши дӯхти либосҳои занона бо тарҳи замонавӣ бо нигоҳ доштани нақшу нигорҳои ниёгон ва маҳсулоти кишоварзӣ намоиш дода шуда. Ҳамчунин аз ҷониби аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Лоҳутӣ” барномаи рангини фарҳангӣ ташкил ва пешкаши сокинони деҳаи Ғишткупруки ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрави ноҳия гардонида шуд.
Дар рафти вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллоев Ваҳобиддин иштирок дошта, зикр кард, ки бо эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои занону духтарон шароит хуб фароҳам овард то занону бонувони тоҷик тавонанд дар омӯзиш ва рушд додани касбу ҳунарҳо ва шароити иқтисодии худ ва атрофиёнашонро бо ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ беҳбудӣ бахшанд.
Инчунин, мавсуф дар идомаи суҳбат атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, озмунҳои ҳизбӣ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” андешаронӣ карда, беҳтарин ҳунармандони хушзавқро барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ ва шахсони хайрхоҳу ватандӯстро барои роҳандозии Аксияи ҳизбӣ даъват намуд.