БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фарҳанги миллӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар рушд намуд

ЁВОН. Дар асоси ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар деҳаи Fарави ҷамоати деҳоти Даҳана  дар доираи эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ва Соли тақвияти робита бо маҳал чорабинии сиёсию фарҳангӣ роҳандозӣ карда шуд.

Дар чорабинӣ аз ҷониби и.в. муовини раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Маҳмадрасул Солиҳов, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Т.Ҳоҷизода ва корманди Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО/СПИД-и ноҳия Э.Саидов андешаронӣ намуда, дар қисмати и сиёсии чорабинӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ, вазъи имрӯзаи дохиливу хориҷии кишвар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро,  аз даст надодани зиракиву сиёсӣ, тарбияи дурусти фарзандон, пешгирии бемориҳои сироятӣ, ба хизмати Ватан-Модар сафарбар намудани ҷавонони синни даъватӣ, пеш аз хонадоршавии навҷавонон аз муоинаи тиббӣ гузаронидани онҳо, ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва тақвият бахшидани ҳунарҳои мардумӣ дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуданд.

Дар чорабинӣ занону бонувон ва ҳунармандони деҳаи Fарав ҳунарҳои хешро ба маърази тамошо гузоштанд, ки ҳамагон аз ин намоишгоҳи хунарҳои мардумӣ дидан карда, беҳтаринҳо ба озмунҳои ҳизбӣ даъват гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg