БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳифзи арзишҳои миллӣ аз вазифаҳои муҳими мост!

Ҷ.БАЛХӢ. Корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Содиқова Меҳрубон бо мақсади иҷрои чорабиниҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018 дар маҳаллаи Ваҳдат,  20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1-майи ҷамоати шаҳраки Балхӣ вохӯрӣ ва чорабинии фарҳангӣ гузаронид.

Зимнан Содиқова Меҳрубон  дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва дар бораи фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти пешгирӣ аз бегонапарастию майл ба фарҳанги бегона бо мақсади ҳифзи ҳуввияту асолати миллӣ бо ҷамъомадагон суҳбат намуд.

Инчунин, мавсуф дар идома дар бораи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» сухан гуфта, иштирокдорон барои риояи талаботи қонунҳои номбурда ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ даъват карда шуданд.

Дар охир аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, ки ҳунармандон ҳунари дастии хешро ба намоиш гузошта буданд, назар карда, барои ташкили чунин чорабинии фарҳангӣ изҳори қаноатмандӣ баён намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg