БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Терроризм ва ангезаҳои бедоркунандаи ақидаҳои ифротиро маҳкум мекунем

ВОКУНИШ. Экстремизми динӣ яке аз падидаҳои манфии иҷтимоиест, ки ба шууру рӯҳияи ҷомеа, ахлоқ, идеология, муносибатҳои байни қавму табақаҳои гуногун, иттиҳодияҳои иҷтимоӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳатто равобити байни давлатҳо таъсири бад мерасонад. Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ экстремизм ин ҷонибдорӣ аз ақида, мавқеъ ва тадбирҳои ифротӣ дар фаъолияти ҷамъиятӣ мебошад. Барои муборизаи муваффақона алайҳи эктремизми динӣ ва терроризм, пешгирии саривақтии онҳо, моҳияти ҷиноятии ин зуҳуротро дуруст дарк бояд кард.

Ангезаҳои бедоркунандаи ақидаҳои ифротию террористӣ гуногун буда, дар миёни онҳо, пеш аз ҳама, ангезаҳои моддӣ, идеологӣ, майли ҳукмронӣ, рағбат ба амалҳои фаъолу хатарнок нақши бештарро мебозанд. Қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон як идда кирдорҳоро ба фаъолияти экстремистӣ нисбат медиҳад.

Аз ҷумла, зӯран тағйир додани асосҳои сохти конститутсионӣ ва халалдор намудани ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-сафедкунии оммавии терроризм ва дигар фаъолияти террористӣ; ангехтани хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ ё динӣ;

-поймол кардани ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд вобаста ба мансубияти иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ё забонӣ;

-таблиғу намоиши нишону рамзҳои миллатгароӣ;

даъвати оммавӣ ба иҷрои амалҳои зикршуда ё интишори оммавии маводи баръало экстремистӣ.

Муборизаи беамон бо экстремизми динӣ ва терроризм, оштинопазирӣ бо ҳама гуна шакли зоҳиршавии он, хусусан дар шароити кунунӣ, ки ин навъи фаъолият тобиши сиёсӣ гирифтааст, ҳаётан муҳим ба назар мерасад. Имрӯз неруву ҳаракатҳои гуногун маҳз тавассути аъмоли экстремистӣ ниятҳои сиёсии худро пиёда кардан мехоҳанд ва инро пинҳон ҳам намекунанд. Таассуфовар ин аст, ки пешвоёну гумоштагони зархариди чунин ҳаракатҳо, пеш аз ҳама, ҷавононро гирифтори доми ақоиди ифротии худ мекунанд. Истифода аз роҳу равиши экстремистӣ баҳри расидан ба аҳдофи сиёсӣ дар кирдорҳои бади ҷинояткорона, аз қабили ташкилу иҷрокунии амалҳои террористӣ, исёну бетартибиҳои оммавӣ барои зӯран тағйир додани сохти конститутсионии кишвар ва як қатор аъмоли дигари ғайриқонунӣ зоҳир шуда метавонад.

Барои боз ҳам самараноктар ба роҳ мондани муқовимат алайҳи экстремизми динӣ, аҳли ҷомеа, хусусан ҷавононро дар рӯҳияи хайрхоҳию таҳаммулпазирӣ, ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз ҳаёти осоиштаву осмони беғубори кишвари маҳбубамон тарбия бояд кард. Пайравӣ аз ақидаҳои бегона ва ифротгароёна, амалҳои ғаразноки ҳамроҳи он оқибатҳои хунбор дорад ва инро мо дар мисоли ҳодисаҳои даҳсолаи охир, ки дар кишварҳои Шарқи Наздик то имрӯз давом доранд, ба хубӣ мушоҳида карда истодаем. Ин рӯйдодҳо нишон медиҳанд, ки чӣ тавр мардуми осоиштаи ин минтақа ба ваъдаҳои ифротгароёну террористон дар хусуси сохтани давлати динии адолатпарвар, таъмини рӯзгори муносиб барои аҳолӣ, ғалабаи ҳақ бар ботил, сохтани биҳишт дар рӯи замин ва дигар суханони дурӯғинашон бовар карда, ба ошӯб хестанд ва акнун марзу бумашон вайрону валангор шудаасту аз осоиштагию сатҳи баланди зист, ки пешвоёни зархарид ваъда карда буданд, дараке нест. Ин як дарси ибрат ва ҳам муштест ба даҳони онҳое, ки ақидаҳои ифротии хешро бо шиору аҳкоми муқаддаси динӣ рӯйпӯш намуда, ҳаёти осудаи моро халалдор кардан мехоҳанд.

Сулҳу осоиштагӣ дар Тоҷикистони муосир, ки худ нооромиҳои сиёсиро аз сар гузарондааст, қадру манзалати махсус дорад. Ин неъмати бебаҳо ба туфайли заҳмати чандинсолаи давлату Ҳукумати кишвар зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст ва гиромӣ доштани он аз вазифаҳои муқаддаси ҳар фарди ҷомеа ба шумор меравад.

 

Сабурзода Насим – узви фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Ҷайҳун

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg