БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Иборае ҳаст, ки «саг аккос мезанаду корвон бо роҳи худ меравад»

ВОКУНИШ. Матолиби дар шабакаи «Паём-нет» интишоршударо мутолиа намуда ҳамчун шахси соҳибҳуқуқ хостам назари худро дар мавриди ин мақолаи сар то по  муғризона пешниҳоди хонанда намоям.

Шабакаи «Паём-нет» маълум аст, ки танҳо ва танҳо маводеро рўи чоп меорад, ки масъалаҳои яктарафа баррасишудаву фармоишианд. Аз интишори маводи болозикр ва маълум набудани муаллиф аллакай хонандаи закӣ мақсади ғаразноки ин шабакаи иртиҷоиро эҳсос мекунад.                       

Аввалан ба маълумоти дастандоркорони «Паём-нет» мерасонем, ки Бадахшон ҷузъи ҷудонашавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва фаъолияти мақомоти марбутаи соҳавӣ аллалхусус Кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ ба хотири сулҳу суббот ва осоиштагии мардуми бумии ин минтақа аст. Баъдан КДАМ аз ҳудуди Тоҷикистон ба дохили ягон ҷумҳурии дигар надаромадааст, ки ҷор зада матолибатонро бо номи «КДАМ дар Бадахшон чӣ мекобад?» оғоз кардаед!. Шарматон бод, муддаиёни «Паём-нет» бо чунин тарзи рафтор!

Маълум аст, ки афзоиши гардиши маводи мухаддир дар Бадахшон ва заҳролудшавии ҷавонони ин минтақа аз истифодаи ин вабои ин аср назар ба солҳои пеш афзоиш ёфтааст. Ва ин нишондод аз ҷониби Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохурӣ бо аҳли ҷамоатчигии ин минтақа садо дода, мавриди эроди ҷиддӣ қарор дода шуд. Мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ кори дастаҷамъонаи ҳамаи ниҳодҳои қудратист. Ҳатто қарзи шаҳрвандии ҳар сокини ин ватан аст, ки барои таъмини осоиштагии аҳолӣ бояд саҳми арзанда дошта бошад. Шумо аҳли шабакаи  «Паём-нет»  ҳавасманди  рушди ҷисмонию равонии ин миллат нестед. Зеро, вақте ки  ватанро фурўхтед барои шумо барин  тоифа миллат ба кадри гарди хокистар арзиш надорад.

Рўи рост, туҳмат задан ба кормандони ниҳодҳои қудратӣ ва сари онҳо бор кардани гардиши силоҳу маводи мухаддир, мусулмонии шумою шиорпардозии ҳаводоронатонро дар мавриди «Минбари мардум» буданатон зери шубҳа овардед!

Дар воқеъ  шумо аз КДАМ азият дидаед, яъне ҳамин ниҳоди қудратӣ ҳама бозиҳои пасипардагиатонро дар Тоҷикистон рўи об баровард. Аз роҳи рашк ба  ҳар роҳу восита «интиқом» гирифтан мехоҳед,  аз ин ниҳоди қудратӣ. Вале хушбахтона хестед, ки хобед.

Барои мо аз шумою ҳаракатҳои муғризонаатон дида амнияти давлату миллат болост. Ҳар иқдоме, ки КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ нуқоти кишвар мекунад, бори дигар ёдовар мешавем, ки ба хотири ободию осоиштагии ватан аст, ки мо сокинон аз он хуш истиқбол мегирем. Ба ибораи дигар «саг  аккос мезанаду корвон бо роҳи худ меравад».

Ин матолиби хушку холиатон дигар наметавонад руҳияи мардуми Тоҷикистонро дигар созад. Чунки барои мо сулҳу шукуфоии Ватан аз ҳазорҳо маводи интишории «Паём-нет» болост.

 

Т.Назарзода- раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТдар ноҳияи Ш.Шоҳин                                      

 

 

 

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg