ВОКУНИШ. Дар мамлакати тинҷу ороми мо ашхоси нотавонбине ёфт мешаванд, ки дастоварду комёбиҳои халқи тоҷик, пешрафту тараққиёти кишвар, шукуфоӣ, ободӣ, сарсабзиву хуррамӣ, созандагиву бунёдкорӣ, сериву фаровонӣ, оромиву осудагии мардумро намехоҳанд, ба онҳо бо назари кинаву ҳасад менигаранд.
Ба шумури ин афрод ҷавононе шомиланд, ки бо фиребу найранги ин гурӯҳҳои террористӣ бовар карда, даст ба ҷинояткорӣ зада, ҳаёти худ ва шаҳрвандонро зери хатар мемонанд.
Ҳодисаи нанговаре, ки дар ноҳияи Данғара аз тарафи як гӯрӯҳ ҷавонони гумроҳ сар зад аҳли ҷамоатчигии ноҳияро ба ташвиш овард. Боиси таассуф аст, ки ин ҷавонон аз вилояти Хатлон мебошанд. Мо ин ҳодисаи нангинро, ки характери террористӣ-экстремистӣ дорад маҳкум карда, ба ҷавонон гуфтанием, ки барои ҳифзу марзу буми ин Ватан ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд.
Ф.Ҳ.Муродова- узви гуруҳи вакили ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Данғара