БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ин «бузакбозӣ»-и Кабирию ҳамсафонаш як рўз не як рўз сари онҳоро ҳатман хоҳад хӯрд!

ВОКУНИШ. Аввалан, мехостем бидонем, ки «паймони миллӣ» чӣ гуна ташкилот ё гуруҳест ва чӣ рисолат ба андешаи аъзои он дошта бошад. Ба ин хотир, ба шабакаи интернетии «Паём. нет» ворид шудаву бобати огоҳӣ ёфтан аз ин «паймон»  дидан намудам. Вале ба ҷузъ аз таъсиси ба ном якчанд «департаменту сохтор», вазифатақсимкунии 10-15 асолатгумкарда ва афкори сарсарии ғаразомез бо роҳбарии Кабирию Шерзамон ва яксанд тирмизаки асолатгумкарда аз оғози фаъолияти ин «паймон» аниқтару хубтараш «поймон» дигар ягон иттилоъ пайдо накардам.

Аз мавқеъгирию машваратбозии ин «поймон»  як хулоса кардам, ки фаъолияти мухолифони ҳукумат танҳо дар доираи қолабсозӣ, яъне аз як қолаб ба қолаби дигар ворид шудану ҷомеаи ҷаҳониро бо шиорпардозии пучу бепоя тарафи худ ҷалб сохтан асту бас. Ба ибораи дигар, Кабирӣ бо ҳар роҳу восита мехоҳад, ки бо истифода аз мавқеи сиёсии палидонааш маблағҳои ҳангуфту бе дарди миён, шояд барои табобати наберааш Ҳамза, ки дар Туркия ҷарроҳӣ шудаст, пайдо  намояд.

Маълум аст, ки таъсиси ҳаракату ҷунбишҳои сиёсии ба ном «озодандеш» дар хориҷи кишвар аз ҷониби 3-4  дузду авбош бо мақсади ғаразҳои сиёсӣ ва ворид шудан ба бағали гарми  хоҷагони хориҷӣ таъсис дода мешавад. Ба мисоли он ки кўдак агар гуноҳе содир карду аз чизе тарсид  зуд бағали модараш медарояд.

Мухолифони роҳгумзада-Кабирию Шерзамон, Равшану Шарофиддин, Темуру «занбур»-у  якчанд тирмизаки дигар диданд, ки бо таъсиси  ҳаракату ҷунбишҳо дигар аз ҷониби  «падаронашон» онҳо дастгирӣ наёфта, пурсиши харҷи маблағҳои гирифтаашон зиёд шудааст, ба иқдоми навбатии таъсиси ба ном «паймони миллӣ» даст заданд. «Паймони миллӣ»-и навбаромад низ дар заминаи афкори 10-15 хоину ватанфурўш таъсис ёфта, мақсаду маром танҳо ва танҳо худнамоишдиҳию гадоӣ ва манбаъи дарёфти ризқу рўзии  сагонаи ин хоинон хоҳад буд. Зеро, ин афрод ба гадоӣ одат кардаанд. Чун дар Тоҷикистон  бо роҳи осоишта бе хараҷу мараҷ  маблағҳои мардумро тороҷ мекарданд.  Аммо, хушбахтона дар Аврупо ин тавр нест.  Ба маъние, ки нонро касе мехурад, ки кор  мекунад. Ва ин тоифа «кор»-ро дар хиёнат ба Ватан ва пур кардани турбаи гадоиро дар ҳарзагўию бадномсозии миллат дарёфтаанд.

Албатта, чун хоҷагони хориҷӣ аз ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ, гуруҳи 24, анҷумани «озодандешон» ва чандин гуруҳу ҳаракатҳои иртиҷоӣ дар заминаи ақидаи разилона таъсисёфта аз ин хоинон иҷрои кор талаб мекунанд, Кабирию  ҳаммаслаконашон барои ором сохтану ба оянда умед бастан ягона роҳи ҳалро дар таъсиси «паймон»-у аҳду вафои нав мебинанд.

Ин «бузакбозӣ»-и Кабирию ҳамсафонаш  як рўз не як рўз сари онҳоро ҳатман  хоҳад хурд. Зеро, ба андешаи бузургон: «ҳар он чӣ коридӣ, ҳамон хоҳӣ даравид».

 

Ойев  Аҳлиддин- узви гуруҳи вакили ҲХДТ дар Маҷлиси  вакилони Халқи  ноҳияи  Абдураҳмони Ҷомӣ 

            

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg