БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Миллати тоҷик дорои таъриху фарҳанги ҳазорсола аст

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон  бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизӣ Сабоҳат Тағойалӣ дар деҳаи Исмоили Сомонии ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Сабоҳат Азизӣ  дар назди иштирокдорон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, озмунҳои ҳизбӣ таҳти унвони «Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ, «Тарроҳи беҳтарин», «Беҳтарин муаррификунандаи мавзеъҳои сайёҳӣ», «Маликаи Хатлон», «Беҳтарин доиркунандаи чорабиниҳо дар сатҳи маҳал», Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ,  риояи либоси миллӣ ва пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ миёни занону бонувон, риояи талаботи қонунҳои миллӣ андешаронӣ намуд.

Дар охир иштирокдорон аз ҳунарҳои мардумӣ аз наздик дидан карда, барои рушд додани ҳунару ҳунармандӣ, ба ҷавонон омӯзондани касбу ҳунарҳо ва бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст кардани  Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ тавсияҳои судманд доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg