БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои барномавии ҳизб мароми мост!

МӮЪМИНОБОД. Вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ХҲДТ дар ноҳияи Муъминобод бо истиқоматкунандагони деҳаи дараи Ҳаваши ҷамоати деҳоти ба номи  Шамсиддин Шоҳини ноҳияи Мӯъминобод тибқи ҷадвали баргузории  хонишҳои сиёсӣ  дар ташкилоту муассисаҳо  ва вохӯриву мулоқоҳот дар деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия вохӯрӣ  баргузор гардид.

Дар мулоқот сараввал самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ- ҳамчун ҳизби пешоҳанги ҷомеа, тарғиби урфу анъанаҳои миллӣ, тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстии ҷавонон, ба дарки падару модарон ва ҷавонон расонидаи моҳияти хизмат дар сафи Артиши миллӣ- ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ ва омили асосии нигоҳ доштани сулҳу субот, амнияти кишвар, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза бар зидди терроризм, пешгирии гаравиш ба  ҳизбу ҳаракатҳои  дар кишвар мамнуъ, хусусан ТЭТ ҲНИ ва расидан ба қадри оромии кишвар ва Ваҳдати миллӣ, дастовардҳои беназири соҳибистиқлолӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Мӯъминобод Рамазон Ҳайдаров иштирок  намуда,  вобаста ба ба озмунҳои ҳизбӣ «Беҳтарин муаррификунандаи мавзеъҳои сайёҳӣ», «Беҳтарин доиркунандаи чорабиниҳо дар сатҳи маҳал», «Беҳтарин  намоиши ҳунарҳои мардумӣ», ки  аслан ноҳияи Мӯъминобод ноҳияи кӯҳӣ, ҷойҳои  таърихиву мавзеъҳои сайёҳӣ ва бо ҳунармандони чирадасту  номдор дорад  суханронӣ намуда,  беҳтарин ҳунармандонро барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ даъват намуд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg