БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Корҳои тарғиботию ташвиқотӣ тавассути намоиши ҳунарҳои мардумӣ

КӮЛОБ. Мувофиқи ҷадвали вохӯриҳо дар деҳаи Карбостанаки ҷамоати деҳоти Даҳана намоиши ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ гардид.

Зимни ҳамоиш раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва сардухтури ВНМО-и шаҳри Кӯлоб Расулов Амиралӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар суханронии Валиева Саъбагул гуфта шуд, ки  имрӯзҳо қадам ба қадам ҳунарҳои аҷдодии миллиамон аз нав эҳё шуда истодаанд, ки ин ба таъсиси ҷойҳои корӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занону духтарони хонашин, ба насли оянда пешкаш кардани ҳунари аҷдодӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва коҳиш додани сафи занҳои муҳоҷир мусоидат менамояд.

Дар ин замина, ташкили корҳои тарғиботию ташвиқотӣ низ нақши муҳим мебозад. Аз ҷумла, бо мақсади тарғибу ташвиқ, эҳё, рушд ва истифодаи самарабахшу намоиши беҳтарин ҳунарҳои мардумӣ, эҳё ва намоиши таомҳои миллии қадимӣ ва анъанаҳои неки ниёгонамон мусоидат менамояд.

Илова бар ин, Расулов Амиралӣ аз зиёну зарари бемории ВНМО сухан ронда, омилҳои сироятёбии он ва роҳҳои пешгирии аз ин бемориро ба иштирокчиён фаҳмонид.

Рафти ин чорабанӣ нишон дод, ки сокинон ва ҳунармандони деҳа аз иқдомҳои пешгирифтаи Ҳукумати кишвар  розӣ буда, сиёсати имрӯзаи давлатро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg