БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Базаи моддиву техникии хоҷагиҳои деҳқонии маҳал шароити заруриро дорост!

ДӮСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ  бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  бо  кормандони хоҷагии деҳқонии “Тухмипарварии ба номи Эргаш Султонов”-и ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.

И.в.раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Қурбонов Абдулҳафиз зимни вохӯрӣ бо кормандони хоҷагӣ атрофи  пешбурди соҳаи хоҷагии кишлоқ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, аз ҷумла самаранок ва оқилона  истифода бурдани қитъаҳои замини мансуб ба соҳаи кишоварзӣ суханронӣ намуда, кормандони хоҷагии номбурдаро дар ин ҷода рӯҳбаланд сохт. 

Қайд кардан зарур аст, ки хоҷагии деҳқонии ба номи Эргаш Султонов дар ноҳия калонтарин хоҷагии деҳқонӣ буда, дар ҳама чорабиниҳои ҳизбӣ фаъол мебошад. Роҳбари хоҷагии номбурда, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ Бегмурод Холов зикр намуд, ки имсол новобаста ба вазъи мураккаб дар нашъунамои пахта хоҷагӣ дар рӯзҳои наздик аз уҳдаи нақшаи базиммадоштаашон -пахтасупорӣ бо сарбаландӣ мебароянду ҳамеша ҷонибдорӣ сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg