БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Маориф – инъикосгари зеҳни миллат

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳияи Данғара дар деҳаи Дилнишини ҷамоати деҳоти Пушинг  хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримов Пирмуҳаммад иштирок дошта,  атрофи мавзӯъҳои таълиму тарбия ва касбомӯзии насли ҷавон, риояи қонунҳои миллӣ, пешгирии ҷавонону наврасон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон, дар партави Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” кӯмаку дастгирии ятимону бепарасторон ва барҷомондагон, анҷоми корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар маҳали зист, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуд.

Дар идома мавсуф  изҳор дошт, ки тарбияи насли наврасу ҷавон аз нуқтаи назари мутобиқ шудан ба фазои инноватсионӣ ва ояндаи давлати миллат амри воқеӣ ба ҳисоб меравад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg