БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ ба хотири дастурхони пурфайзи сокинони кишвар

Ҷ.БАЛХӢ. Тибқи нақшаи корӣ ва ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар маҳаллаи Ленингради ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳия чорабинии фарҳангӣ бахшида Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин ҷиҳати расонидани моҳияти самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба аҳолии маҳал ва қабули аъзои нав ба сафи ҲХДТ аз ҳисоби фаъолони маҳалла бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Содиқова Меҳрубон ва мутахассиси шуъбаи ташкили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Х. Асоев доир гардид.

Чорабинии мазкурро кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Содиқова Меҳрубон ва Х.Асоев бо аз назар гузаронии намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, ба ҳунармандони маҳаллаи мазкур, ки ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ машғуланд як ҷаҳон таҳсину офарин хонд.

Дар рафти суханронӣ аз нуктаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ёдовар гардида, дар рафти суханронӣ қайд намуд, ки–татбиқ намудани дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  афзоиш додани   истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, хоҷагидорию соҳибкорӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, саҳмгузор будан дар тарбияи дурусти насли наврасу ҷавон, пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба ҳар гуна равияҳои тундгаро, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», омода намудани ҷавонон ба зиндагонии мустақилона, донишандӯзиву аз бар намудани касбу ҳунарҳои миллии мардуми тоҷик ва ихтироот маслиҳатҳои муфид доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg