БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мақсади мо ҳизбиён мусоидат намудан ба рушди ҳунарҳои миллӣ мебошад

ВОСЕЪ. Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар деҳаи Навбаҳори ҷамоати деҳоти Тугарак вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо сокинони деҳот баргузор гардид.

Зимнан раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафарова Ҳафиза дар бораи сиёсати хирадмандона ва ташуббусҳои неку созандаи Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  дар таъмини амнияти оузқавории кишвар, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ҷалби шаҳрвандон ба  хоҷагидорию кишоварзӣ, соҳибкорӣ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал суханронӣ намуд.

Ҳамзамон, мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Ситамова Роҳила оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ибрози ақида карда, афзуд, ки пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, аз даст надодани зиракиву сиёсӣ, тарбияи дурусти фарзандон, пешгирии бемориҳои сироятӣ, ба хизмати Ватан-Модар сафарбар намудани ҷавонони синни даъватӣ ва тақвият бахшидани ҳунарҳои мардумӣ дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вазифаи мо шаҳрвандон мебошад. Имрӯзҳо  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо талошу заҳматҳои шабонарӯзӣ  барои   мо мардуми шарафи тоҷик шароитҳои хубу  замонавиро таъмин намудаанд, моро месазад бо шукргузори аз тинҷиву  сулҳу оромии кишвар  дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бештар заҳмат кашида, барои боз ҳам ободтару зеботар гардидани Ватани азизамон Тоҷикистони маҳбуб саҳми муносиби хешро гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg