БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғиби Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар байни сокинон

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Устод” тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Ализода Одил ва Асадуллозода Ватан иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимнан Ализода Одил  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  атрофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” андешаронӣ карда, зикр намуд, ки мақсади Қонуни мазкур пурзӯр кардани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар руҳияи инсондустӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои милли, умумибашарӣ ва фарҳанги, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.

Баъдан Асадуллозода Ватан дар бораи роҳандозӣ ва дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ тахти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ҳарф зада,  шахсони хайрхоҳу  ватандӯст, соҳибкорони  муваффақ, фаъолон аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ-ро барои анҷоми корҳои хайру сахо, бунёди иншоотҳои  хизматрасонӣ дар маҳали зист, дасти кӯмак дароз намудан ба шахсони ниёзманди ҷомеа даъват намуд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg