БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунармандони хушзавқ ба озмунҳои ҳизбӣ омодагӣ дида истодаанд

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизӣ Сабоҳат ва дигар шахсони даъватӣ дар деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ доир гардид.

Зимнан Сабоҳат Азизӣ  мақсади вохӯриро ба иштирокдорон фаҳмонида, атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, либоси миллӣ ва татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ намуд.

Дар қисмати фарҳангии вохӯрӣ мавсуф аз  ҳунару маҳорати занону бонувони ҳунарманди деҳа, ки бо шаклу услуби қадима ба намоиш гузошта буданд, дидан карда, беҳтаринҳо барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ даъват карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg