БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавононро дар рӯҳияи омӯзиши касбу ҳунарҳои миллӣ тарбия менамоем!

Ҷ.БАЛХӢ.Тибқи нақшаи корӣ ва ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар маҳаллаи Ленини ҷамоати деҳоти Халеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии таблиғотии ҳизбӣ оид ба Соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, бо иштироки мутахассиси шуъбаи ташкили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Х.Асоев доир гардид.

Чорабинии мазкурро Х. Асоев бо аз назаргузаронии намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, ба ҳунармандони маҳаллаи мазкур, ки ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ машғуланд як ҷаҳон таҳсину офарин хонд.

Дар рафти суханронӣ аз нуктаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ёдовар гардида, дар рафти суханҳои пурмуҳтаво қайд намуд, ки татбиқ намудани дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саҳмгузор будан дар тарбияи дурусти насли наврасу ҷавон, пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба ҳар гуна равияҳои тундгаро, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», омода намудани ҷавонон ба зиндагонии мустақилона, донишандӯзиву аз бар намудани касбу ҳунарҳои миллии мардуми тоҷик ва ихтироот маслиҳатҳои муфид дод.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg