БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мо кӯшиш менамоем, ки ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил нашаванд ва ба Ватану миллати худ содиқ ва доимо хизматгор бошанд!

ВОКУНИШ. Нест бод терроризм. Дар даҳсолаҳои охири аср чунин ҳодисаҳои ифротгароие то чанде васеътар доман паҳн карда истодааст, ки ба тасаввуротҳои динӣ алоқаманд мебошанд. Ифротгароӣ дар асоси дин – ин пайрави дар ақида ва амалҳои гузарои динӣ мебошад. Гуруҳҳои ифротгароӣ дар мамлакатҳои алоҳида ва инчунин Тоҷикистон барои ба мақсадҳои нопоки худ ноил гаштан бороҳи зурӣ тағйир додани сохти давлатӣ ва ғаспи ҳокимият, вайрон кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат равона карда шуда, таълимот ва рамзҳои диниро ҳамчун омили ба тарафи худ ҷалб намудани одамон ба истифодаи онҳо дар муборизаи оштинопазир истифода мебаранд. Баъзан сабаби паҳншавии ифротгарои дар заминаи дини дар натиҷаи таҳавулотӣ демократӣ эълон карда шудани озодии виҷдон низ ба миён меояд, вале озодии виҷдон озодии муҳим ва пурарзиши инсон дар давлати ҳуқуқбунёди муосир мебошад. Аз ин рӯ қайд кардан лозим аст, ки ифродгарои дар кадом шакле, ки набошад – динӣ ё дунявӣ мо онро қабул надорем чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол намуда амнияти давлатро ноором месозад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки таъсисёби гуруҳҳои ифродӣ ва ҳизбҳои хусусияти ифродгарои дошта асосҳои маънавиёти ҷомеаро вайрон намуда ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон ва аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид мекунад, аз ин ру ба муқобили ифродгарои бояд ҳам ҷомеа ҳам давлат ва аҳли зиёиён бояд мубориза барем.

Асоси ҳуқуқии мубориза бар зидди ифродгароиро дар конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди ифродгароӣ”, ки соли 2003 аз ҷониби парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистонқабул карда шудааст ташкил медиҳад.

Мақсад аз қабули чунин санадҳои меъёри ҳуқуқи риоя кардан ва ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, асосҳои сохтори Конститутсиони таъмини якпорчаги ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҳодисаҳои нохуше, ки моҳи августи соли ҷори аз ҷониби як гуруҳи душманони миллат нисбати сайёҳони хориҷи дар ноҳияи Данғара анҷом доданд ва вазъи сиёсии Ҷумҳуриро ноором сохт, мо коллективи омузгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 – ро сахт андуҳгин намуд. Мо коллективи омузгорон ин амалҳои нопоки гуруҳҳои террористиро маҳкум карда аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ хоҳиш дорем, ки нисбати ин амалҳои нопоки ҷинояткорон ҷазоҳои сахтаринро сазовор донанд.

Мо аҳли коллективи омузгорон амру фармонҳои Президент ва қарорҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро доимо сармашқи кори худ намуда хонандагонро дар руҳияи Ватандусти, ахлоқӣ, сиёси тарбия намуда кушиш менамоем, ки ҷавонон ба чунин гуруҳҳои ифродгарои шомил нашаванд ва ба ватану миллати худ содиқ ва доимо хизматгор бошанд.

 

Далиев Абдулло- узви гуруҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Данғара                                       

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg