БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Кури зи модар ба дунёомада бино намешавад... (Андешаҳои омӯзгор дар ҳошияи нишасти САҲА дар Варшава)

АНДЕША. Ҳар шахсе, ки нангу номус ва ҳисси ватандорӣ дорад... бо сохтани иморате, бунёди корхонае, кушодани роҳе, обод кардани маконе, ҳатто шинонидани дарахте аз худ нишоне боқи мегузорад.

        Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад,

        На бад – он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.

        Илм ҳамчун дарёст в-аз накукорӣ,

        Киштие соз, то бад-он гузарӣ.

       

Наход, ки Кабирӣ ин мисраъҳои шеърии сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдулоҳи Рӯдакиро, ки тамоми халқи дунё медонад, надонад. Таҳлили мисраҳои зерин шарт нест, чунки маънои инро ҳар як хонандаи мактабӣ низ медонад

 

        Мо ба санги худ ҳамеша ҷоми худ бишкастаем,

        Ман бо ҷоми худ ҳамеша пардаам бидридаам.

        Ман бо нохунҳои худ ҳам асли худ баркандаам,

        Ман зи абри чашми худ бар кишти ҷон боридаам.

                                                       Ҷалолиддини Румӣ

Ин мисраъҳо маҳз барои чунин шахсони зери қалам омадааст, наход Кабирӣ надонад!

Сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамоми давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон сармашқи кори худ карда, амалӣ карда истодаанд, аммо як гурӯҳ тоифаҳо ба ин зид мебошанд, ки кирдори онҳо дар мисраҳои зер ифода ёфтааст:

       

        Агар султон нафармояд сиёсат,

Занад ҳар нокасе лофи раёсат.

Бало барҳам занад рӯи заминро,

На давлатро бақо бошад на динро.

Чу мардум забт дар кишвар набинанд,

Ба ҷуз фитна роҳи дигар набинанд.

                        Ҳусейн Воизи Кошифӣ

Барои чи, Кабирӣ босмачиёнро қаҳрамони миллат муаррифӣ менамояд? Барои он ки кору кирдори Кабирӣ аз босмачиён бадтар аст. Босмачиён – ғоратгарон барои муҳофизати худ халқи оддиро ҳамчун сипар истифода мебурданд ва ғорат мекарданд. Кабирӣ дар радифи онҳо буда, барои ба даст овардани қудрат ҳизби худро «Ҳизби наҳзати дини ислом» номида, барои худ сипар намуд. Ҳоло он ки дини ислом ба ҳеҷ гуна ҳизб ниёз надорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми саркардагон ва гунаҳгоронро ба ватан даъват намуда авфи умум эълон намуд, ки инро тамоми халқи дунё гувоҳанд.

 

Ҳарки моро ёд кард, эзид мар ӯро ёд бод!

Ҳарки моро хор кард, аз умр бархурдор бод!

Ҳарки ан дар роҳи мо хоре фиканд аз душмани,

Ҳар гуле к-аз боғи васлаш бишкуфад, бехор бод!

Дар ду олам нест моро бо касе гарду ғубор

Ҳар ки моро ранҷа дорад, роҳаташ бисёр бод!

                                       Мир Саид Алии Ҳамадонӣ

 

Худойназар Ҳақназаров- узви гуруҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фархор

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg