БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат миннатдоранд

ШАҲРИТУЗ. Бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳалаҳои ноҳияи Шаҳритуз дар деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Шаҳритуз    бо иштироки мутахассиси  шуъбаи таблиғот,  иттиллоот ва   матбуоти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Ҳикматова Хайринисо  бо сокинон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрӣ  Ҳикматова Хайринисоро вакили Маҷлиси вакилони халқи  ноҳияи Шаҳритуз Холова Лутфия  ҳамроҳӣ намуда, зимнан аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дидан карда, дар қисмати  сиёсии вохӯрӣ масъулин вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  озмунҳои ҳизбӣ, роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, рафтору кирдору аъзои  собиқ Ҳизби Наҳзати исломӣ, ки боиси марги сайёҳони хориxӣ гардид, суханрони намуданд.

Дар охир  иштирокдорон суханрониҳои судмандро ҷонибдорӣ карда, иброз доштанд, ки зери сиёсати Пешвои  миллат ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ даст ба дасти ҳам дода барои боз ободу зебо гардидани Ватани азизамон  меҳнати содиқонаву софдилона хоҳем кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg