БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ифротгароӣ-хиёнат ба Ватан аст

ҶАЙҲУН. Дар асоси нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Осоишгоҳи Дӯстӣ» чорабинии таблиғотии ҳизбӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидзода, вакили Маҷлиси викилони халқи ноҳия Эмом Хомушов доир карда шуд.

Дар рафти чорабинии мазкур Фарҳод Обидзода ва Э.Хомушов оид ба масъалаи ба миёнгузошташуда муфассал суханронӣ намуда, қайд карданд, ки дар замони муосир экстремизм ва терроризм хусусияти ҷаҳонӣ касб намуда, барои ин гуна зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ, миллат, дин ва муқаддасоти дигар вуҷуд надорад.

Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои трансмиллӣ лозим аст. Гарчанде, ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст.

Барои он, ки гаравиш аз тарафи ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротӣ аз байн бардошта шавад, бояд масъалаҳои таълим ва хусусан тарбия сар карда аз оила то муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ беҳтару хубтар ба роҳ монда шавад.

Дар фарҷом вакили Маҷлиси викилони халқи ноҳия Эмом Хомушов таъкид намуд, ки мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм натанҳо вазифаи равшанфикрон, балки вазифаи ҳар фарди ватандўсту ватанпарвар, ҳар шахси комилҳуқуқи ҷомеа аст. Аз ин рӯ месазад, ки пайваста дар таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон бошем то нагузорем, ки насли ояндасози миллат фирефтаи аҷнабиён шаванд.

Чунки қисмати зиёди пайравони гурӯҳҳои ифротӣ ин ҷавонони гумроҳ мебошанд, ки дар  сафи ташкилоту созмонҳои байналмилалии экстремистӣ-террористӣ қарор гирифта, ба ҳаргуна амалҳои номатлуб даст мезананд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg