Ҷ.БАЛХӢ. Вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо мардуми хунарманди кӯчаҳои Ҳайдаров, гузаргоҳи 1,2,3,4,15,17,19,2-а ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид, ки дар он муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Содиқова Мехрубон ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроия Нуруллоев Саъдулло иштирок намуданд.
Масъулин зимни иштирок дар вохӯрӣ қайд каранд, ки дар руҳияи мардум тақвият додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ, касбу ҳунарҳои мардумӣ, дуруст тарбия кардани насли наврас ва ҷалби бештари сайёҳон ба Тоҷикистон андешарони карданд.
Иқдоми ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як тараф барои аз нав зинда намудани анъанаҳои неки ниёгон бошад, аз ҷониби дигар тарбияи ҷавонон ва омӯзонидани касбу ҳунарҳои мардумӣ ба онҳо мебошад. Дар қисмати чорабинии фарҳангӣ занони ҳунарманди деҳа маҳсулоти омодакардаашонро ба намоишгоҳ гузоштанд, ки ҳамагон аз тамошои ҳунарҳои мардумӣ таассуроти нек бардошта, барои бо дастовардҳои баланд ҷамъбаст кардан и Соли рушжди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба онҳо маслиҳатҳои судманд доданд.