ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизӣ Сабоҳат бо сокинони деҳаи Навзамини ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Нахуст Сабоҳат Азизӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, дастовардҳои беназири Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, тарғиби либоси миллӣ дар байни занону бонувон, пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ, бо тарзи замонавӣ аз нав эҳё кардани ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар хона ва ҷалби шахсони бекор ба корҳои хонагӣ, афзоиш додани маҳсулоти кишоварзӣ, сафарбар кардани сокинон ба хоҷагидорию соҳибкорӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳояи сироятии ВИЧ/СПИД, Сил ва Гепотит, аз муоинаи тиббӣ гузаронидани муҳоҷирони меҳнатӣ, пешгирии шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба ҳизбу гурӯҳҳои ирфотӣ ва огоҳонидани мардум аз паёмадҳои ташкилотҳои террористӣ ва амалҳои коррупсионӣ андешаронӣ намуда, ҳамагонро барои дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ҳидоят кард.